Душанбе. 04-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии саввуми гурӯҳии Ҷоми даъвати Осиё бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Дар сомонаи расмии Конфедератсияи футболи Осиё хабар дода мешавад, ки се тӯбро ба дарвозаи ҳарифон Юсуф Рабиев ва як тӯби дигарро Давронҷон Тӯхтасунов ворид сохтаанд.
Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз се бозӣ панҷ хол ба даст оварда, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро соҳиб гашт. Ҷои аввал дар ин гурӯҳ бо 7 хол насиби соҳибони майдон - футболбозони Ҳиндустон гардид, ки дар вохӯрии саввум бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд. Ҳарифи дастаи Тоҷикистон дар бозии нимниҳоӣ дар вохӯрии Дастаҳои Мянма ва Кореяи Шимолӣ муайян мешавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон Юсуф Рабиев бо 7 тӯби задаи худ, пешсафи нишонзанҳои беҳтарини ин мусобиқот аст.
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2025
Аз “Чаҳоршанбе сурӣ” то “Деги дарвешон”. Анъанаҳои Наврӯзие, ки дар Тоҷикистон фаромӯш мешаванд
Роҳҳо баста ва дар ҳаракат маҳдудият ҷорӣ мешавад. Суғд ба ташрифи Мирзиёев ва Жапаров омода мешавад
Ҳукумат беш аз 230 ҳазор сомонӣ қарзи як корхонаро бахшид
Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд
Шаҳрдори боздоштшудаи Истанбул номзад ба курсии президенти Туркия шуд
Талаби ҳукумат аз муҳоҷирон: Нафақа мехоҳед, андоз супоред!
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Боздошти кирокаше дар Душанбе баъди шикояти сайёҳи эронӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста