Душанбе.3-юми ноябр - Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин дидори худ дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъудӣ аз тими Чин бо ҳисоби бузурги 0: 6 шикаст хӯрд.  

Бозии даври аввали гурӯҳи «С» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Чин шоми 1-уми ноябр дар варзишгоҳи Шоҳзода Муҳаммад Бин Фаҳади шаҳри Даммами Арабистон баргузор шуд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «С» дастаи Куриёи Шимолӣ, қаҳрамони Осиё дар соли 2006, бар тими Лубнон бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард.

Бад-ин тартиб дар ин гурӯҳ Чин ва Куриёи Шимолӣ 3-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо Чин ҷои аввал ва Куриёи Шимолӣ ҷои дуввумро касб кардаанд. Лубнон ва Тоҷикистон бидуни имтиёз мутаносибан дар ҷойҳои севвум ва чаҳорум қарор доранд.

Дар даври дуввуми сабқати гурӯҳӣ 3-юми ноябр Лубнон бо Чин ва Тоҷикистон бо Куриёи Шимолӣ бозӣ хоҳанд кард.

Натоиҷи бозиҳои гурӯҳҳои дигар чунин аст: гурӯҳи «А» - Ҷопон – Яман – 5:0, Арабистони Саъудӣ - Эрон – 2:1, гурӯҳи «В» - Куриёи Ҷанубӣ - Сурия – 1:0, Ироқ – Аморати Муттаҳидаи Араб – 1:2, гурӯҳи «D» - Урдун – Узбакистон – 0:1, Австралия – Тайланд – 1:0.

Пас аз бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи «А» Ҷопон ва Арабистони Саъудӣ, дар гурӯҳи «В» Куриёи Ҷанубӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ва дар гурӯҳи «D» Австралия ва Узбакистон бо 3-имтиёзӣ пешқадам мебошанд.