Душанбе. 12-уми ноябр - Мусобиқоти қаҳрамонии волейболи То ҷ икистон байни дастаҳои мардона бо пир ӯ зии тими мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ба ан ҷ ом расид. Мусобиқот бо ширкати 8 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон , шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор дар толори бозиҳои дастии пойтахти кишвар баргузор шуд.

Дастаи Бадахшон, ки дар бозии ниҳо ӣ мунтахаби вилояти Суғдро мағлуб кард, ба унвони қаҳрамони волейболи То ҷ икистон даст ёфт. Дастаи шаҳри Душанбе ҷ ои севумро касб кард.