Душанбе. 10-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ»-и Турсунзода имрӯз дар доираи омодагӣ ба дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод дар пойтахти Тотористон бо ҳайати дуюми дастаи «Рубин»-и Қазон рақобат хоҳад кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи Футболи мамлакат хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, тамриноти даста дар Қазон то 15-уми январ идома ёфта, дар   доираи он дастаи «Регар-ТадАЗ» боз ду бозии санҷишии дигар анҷом хоҳад дод. Бояд гуфт, дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод, ки аз 17-ум то 25-уми январ дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад гашт, тими «Регар-ТадАЗ» дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои «Левадия»-и Эстония, «Шериф»-и Молдова ва «Шахтёр»-и Украина зӯрозмоӣ мекунад.

Дар давраи навбатии Ҷоми Иттиҳод 16 даста дар чаҳор гур ӯ ҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, дастаи «Регар-Тадаз» ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бори ҳаштум намояндаг ӣ мекунад.