Душанбе. 19-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо як бохт ва як мусовӣ дар давраи 17-уми Ҷоми қаҳрамонони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик, дар ҷадвали гурӯҳи “С” дар мақоми охирин қарор гирифтааст. Ҷоми Иттиҳод бо ширкати 16 даста рӯзи 17-уми январ дар шаҳри Маскав оғоз гардида, то 25-уми январ идома хоҳад кард.

Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода нахустин бозиашро бо қаҳрамони Эстония дастаи “Левадия” мусовӣ 1 бар 1 анҷом дод. Дар вохӯрии дуюм дастаи мо бо натиҷаи 1 бар 2 аз тими “Шериф” Тирасполи Молдова шикаст хӯрд.

Пагоҳ 20-уми январ, дар охирин бозии гурӯҳӣ, “Регар-ТадАЗ” бо ҳайати дуюми тими “Шахтёр”-и Украина зӯрозмоӣ мекунад. Сарфи назар аз ин ҳама, дастаи “Регар-ТадАЗ” ҳанӯз шонси баромадан аз зергурӯҳро дорад. Аммо ин, танҳо дар сурати шикасти “Левадия” аз пешсафи гурӯҳ - дастаи “Шериф”-и Молдова ва ғалабаи “Регар-ТадАЗ” бар тими “Шахтёр”-и Украина имконпазир мегардад. Бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Шахтёр” пагоҳ соати 17 ба вақти Душанбе, дар варзишгоҳи Динамои шаҳри Маскав оғоз мешавад.