Душанбе. 16-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар он президенти нави кумита интихоб хоҳад гардид.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар мулоқот бо рӯзноманигорон раиси Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев изҳор дошт, ки номзадии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти КМО ягона аст.

Лозим ба тазаккур аст, ки бар асоси Оинномаи КМО, президенти нав барои чаҳор сол (2009-2012) дар Асссамблеяи кулли ҳисоботию интихоботӣ, ки 14-уми феврал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, интихоб мегардад. Чанд рӯзе қабл Кумитаи иҷроияи КМО якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа пешниҳод намуд.

Ба гуфтаи Б.Раҷабалиев, дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳонро бӯҳрони молӣ гирифтааст, вазъи рушди варзиш низ ба мушкилот мувоҷеҳ гардидааст. «Аз ин рӯ, номзадии сарвари давлат мувофиқи мақсад аст ва умедворем, ки бо сари ин вазифа омадани Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида хоҳад шуд», - афзуд Б.Раҷабалиев.