Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дастаи мунтахаби олимпии футболи То ҷ икистон ба даври ниманиҳоии мусобиқаи байнулмилал ӣ барои дарёфти Ҷ оми «Ала-То-2009» роҳ ёфт.

Даҳумин давраи ин мусобиқаи анъанав ӣ дар шаҳри Канти Қирғизистон бо ширкати 10 даста дар ду гур ӯ ҳ ҷ араён дорад.

Мунтахаби олимпии То ҷ икистон пас аз ғалаба дар даври аввал бар дастаи «Тараз»-и Ҷ амбули Қазоқистон бо ҳисоби 5:1, бозии даври дуюмро бо мунтахаби ҷ авонони то 19-солаи Кипр бо ҳисоби 1:1 ан ҷ ом дод ва дар даври сеюм бар мунтахаби ҷ авонони Қирғизистон бо ҳисоби 3:1 пир ӯ з шуд.

Бад-ин тартиб мунтахаби олимпии То ҷ икистон бо 7 имтиёз аз 3 боз ӣ дар гур ӯ ҳи «А» дар ҷ ои дуюм қарор гирифтааст. Дастаи мизбон - «Абдиш-Ота»-и Кант, ки дар ҳарсе дидор ғолиб омадааст, бо 9 имтиёз дар ҷ ои аввал мебошад. Фардо – 17-уми март - дар бозии даври охирин байни «Абдиш – Ота» ва мунтахаби олимпии То ҷ икистон ғолиби сабқати гур ӯ ҳи «А» муайян хоҳад шуд. Вале новобаста аз нати ҷ аи ин дидор ҳарду даста ба даври ниманиҳо ӣ роҳ ёфтанд.

Дар гур ӯ ҳи «Б» дастаи мунтахаби миллии Қирғизистон бо 6 имтиёз аз 2 боз ӣ дар ҷ ои аввал ва «Олой»-и Ӯ ш бо 6 имтиёз аз 3 дидор дар ҷ ои дуюм мебошанд.

Бозиҳои ниманиҳоии Ҷ оми «Ала-То-2009» 18-уми март ва бозии ниҳо ӣ 20-уми март баргузор хоҳанд шуд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.