Душанбе. 20-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз ҳисоби воситаҳои озоди буҷаи пойтахт барои баргузории мусобиқоти гӯштини миллӣ ба муносибати Иди Наврӯз ҳудуди 32 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

            Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо ин маблағ барои ғолибон ҷоизаҳо харида мешаванд. «Ҷоизаи асосӣ - Ҷоми Наврӯз-2009 1100 сомонӣ арзиш дорад», - гуфт ӯ.

            Мусобиқоти гӯштини миллӣ рӯзи 22-уми март, соати 14 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ мешаванд.