Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳукумати вилояти Хатлон ва ширкати холдинги «Исмоили Сомонӣ» сарпарастии дастаи футболи «Вахш»-ро дар соли ҷорӣ ба ӯҳда гирифтанд.

Чӣ тавре ки сардори дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Исроил Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, пас аз гуфтушуниди тӯлонӣ ҳукумати вилоят ва ширкати «Исмоили Сомонӣ» дар бораи ба ӯҳда гирифтани хароҷоти молиявии даста ба андозаи 50 дарсадӣ аз ҳарду ҷониб тавофуқ ҳосил кардаанд.

И.Шарипов афзуд, собиқ дарвозабони даста – Аслиддин Ҳабибуллоев сармураббии даста таъин гардида, яяанд футболбозони нав ба ҳайати даста даъват карда шудаанд.