Душанбе. 2-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз даври панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз мегардад.

            Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсисяи футболи Тоҷикистон, имрӯз дастаҳои «Парвоз» - «Регар» ТадАЗ, Энергетик – Вахш ва «Гвардия» - «Истиқлол» бо ҳам рақобат мекунанд. Пагоҳ дастаи «Хуҷанд» дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлоб ва ССКА «Помир» «Спитамен»-ро қабул хоҳад кард.

            Ба иттилои манбаъ, пас аз чаҳор давр дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 10 хол пешсафи мусобиқа аст. «Регар» ТадАЗ мақоми дувумро ишғол мекунад. Нӯъмон Ҳакимов («Вахш»), Юсуф Рабиев («Истиқлол») ва Шуҷоат Неъматов («Регар» ТадАЗ) бо се тӯб дар сафи нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот қарор доранд.