Душанбе. 22-юми июн - Бо қарори Кумитаи байнулмилалии олимп ӣ 23-юми июн - р ӯ зи таъсисёбии Кумитаи байнулмилалии олимп ӣ - Р ӯ зи олимп ӣ эълон шудааст.

Нахустин бор дар саросари ҷ аҳон, аз ҷ умла дар То ҷ икистон, Р ӯ зи олимп ӣ ҳамчун иди варзиши оммав ӣ таҳти шиори «Варзиш, фарҳанг, маориф ҳамқадаманд» та ҷ лил мешавад.

Ширин ҷ он Мамадсафоев, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии То ҷ икистон гуфтааст, «чунонки дар паёми президенти Кумитаи миллии олимпии То ҷ икистон Эмомал ӣ Раҳмон бахшида ба Р ӯ з ӣ олимп ӣ омадааст, «ин ҷ ашни бузурги варзиш ӣ бо самимияти худ табақаҳои мухталифи ҷ омеаро дар атрофи худ муттаҳид намуда, пояҳои д ӯ стиву рафоқат ва пайванди наслҳоро боз ҳам устувортар мегардонад».

Р ӯ зи олимп ӣ дар То ҷ икистон бо баргузории бозиҳои варзиш ӣ миёни мактаббачагон дар истироҳатгоҳҳо оғоз ёфт. 23-юми июн дар тамоми манотиқи кишвар баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳанг ӣ дар назар аст. Маркази ин чорабиниҳо пойтахти кишвар мебошад. Дар иншооти варзишии шаҳри Душанбе мусобиқот дар риштаҳои мухталиф – баскетбол, варзиши сабук, вазнабардор ӣ , велосипедрон ӣ , волейбол, дзюдо, камонвар ӣ , қаиқрон ӣ , футбол, шиновар ӣ , ҳандбол ва ғайра баргузор хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки аввалин чорабинии бузурги имсола – Р ӯ зи дави милл ӣ низ ба ин сана бахшида шуда буд ва дар пойгаи давандаҳо дар сартосари ҷ умҳур ӣ 192 ҳазор нафар афроди касбу кор ва синнашон мухталиф ширкат карданд».

Ш. Мамадсафоев афзуд, дар доираи чорабиниҳои Р ӯ зи олимп ӣ , инчунин, Дави марафон ӣ бахшида ба Р ӯ зи ваҳдати милл ӣ , ки 14-уми июн аз ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон шур ӯ ъ шуд, 27-уми июн дар шаҳри Ху ҷ анд ба ан ҷ ом мерасад. Пойгаи марафон ӣ , ки масофаи хеле дур – 1412 километрро ташкил медиҳад, таҳти шиори «Барои ягонаг ӣ ва рушди То ҷ икистон» баргузор шудааст. Дар ин пойга, ки т ӯ ли ду ҳафта идома хоҳад кард, беш аз 20 варзишгари клуби д ӯ стдорони дави «Перевал»-и Ширкати алюминии то ҷ ик иштирок доранд ва ҳар яки онҳо ҳарр ӯ з масофаи на камтар аз 35 километрро тай мекунанд. 23-юми июн онҳо ба пойтахти кишвар ворид мешаванд. Баъдан варзишгарон бо хатсайри Душанбе-Ху ҷ анд давида, 27-уми июн – дар Р ӯ зи ваҳдати милл ӣ - ба маркази вилояти Суғд мерасанд.

Р ӯ зи олимп ӣ бегоҳи 23-юми июн бо бозии д ӯ стона байни дастаҳои мунтахаби олимп ӣ ва бошгоҳҳои футболи То ҷ икистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба поён мерасад. Пеш аз оғози ин боз ӣ ва, ҳамчунин, ҳангоми танаффус беҳтарин давандаҳо, ронандагони мошинҳои варзишии «картинг» ва авиамоделчиён ҳунарнамо ӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Ширин ҷ он Мамадсафоев Р ӯ зи олимп ӣ дар То ҷ икистон ҳамасола 23-юми июн та ҷ лил гардида, барои дар амал ҷ ор ӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимп ӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи интернетии радиои Озодӣ хабар медиҳад.