Душанбе. 5-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини тарзи юнонию румӣ дар Ҳиндустон дастаи Тоҷикистон соҳиби ду медали биринҷӣ гардид.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, ду гӯштингири навраси тоҷик – Манучеҳр Аллаев дар вазни то 76 кило ва Аббос Икромов дар вазни то 81 кило сазовори мақоми саввум дар қораи Осиё шуданд.

            Бино ба иттилои манбаъ, ҳамчунин гӯштингирони навраси тоҷик – Оятулло Мӯҳтоҷов (вазни 58 кило) ва Акмал Шоҳраҷабов (вазни 69 кило) ба қатори панҷгонаи беҳтарини гӯштингирон шомил гардиданд.

            Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гӯштини тарзи юнонию румӣ дар Ҳиндустон намояндагони 20 кишвар ширкат варзиданд.