Душанбе. 13 апрел. «Азия-Плюс» - | Чемпионати бистуми бозиҳои футбол миёни Лигаи олии ҷумҳурӣ имрӯз ифтитоҳ мешавад.

Тавре намояндаи Федератсияи футболи Тоҷикистон Раҳмон Муртазоев ба «АП» хабар дод, дар мусобиқа 11 даста, аз ҷумла ғолибони соли гузаштаи кишвар: тими «Истиқлол» (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), ССКА «Помир» (Душанбе), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Шодмон» (Ҳисор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва ду дастаи Душанбе «Энергетик» ва «Гвардия» ҳунарнамоӣ мекунанд. Мусобиқа дар чор давр баргузор мегардад ва то рӯзи 15  ноябр идома хоҳад ёфт.  Имрӯз даври аввали мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои «Равшан» ва «Вахш» дар майдони варзишии шаҳри Кӯлоб,  «Шодмон» ва «Регар -ТадАЗ» дар майдони «Автомобилист»-и пойтахт  оғоз мешавад.

Инчунин дар майдони марказии шаҳри Душанбе  дастаи «Истиқлол» ва «Энергетика» қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Фардо, рӯзи 14 апрел, дар майдони варзишии шаҳри Ваҳдат бозӣ миёни тими «Хайр» ва «Хӯҷанд», ва ССКА «Помир»-у «Парвоз» баргузор хоҳад гашт.

Тамоми бозиҳо соати 16 оғоз мешаванд. Даври дуввуми чемпионати Лигаи олӣ 16 апрел ифтитоҳ  хоҳад шуд.