Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ба ифтихори таҷлили ҷашни 14-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ рӯзи 27-уми июн дар пойтахти Тоҷикистон веломарафони варзишӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар ин чорабинӣ ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ширкат варзанд. «Иштирокчиёни веломарафон 30 километр масофаро тай намуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ҷоизаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ хоҳанд шуд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Ш.Саидов, ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур рушди варзиш ва таъсиси дастаи велосипедронони шаҳри Душанбе аст. «Хоҳишмандони иштирок дар веломарафон барои дарёфти маълумоти муафассал метавонанд ба раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти шаҳрдорӣ ё шӯъаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт муроҷиат кунанд», - афзуд котиби матуботии раиси пойтахт.