Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Президенти Кумитаи олимпии Афғонистон Муҳаммад Зоҳири Акбар бо сафари панҷрӯза ба Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров хабар дод, дар чаҳорчӯби сафар мулоқоту гуфтушуниди Муҳаммад Зоҳири Акбар бо мақомоти Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар назар буда, дар ин гуфтушунидҳо масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд. «Дар ин сафар баимзорасии Созишнома дар бораи ҳамкории дуҷониба дар бахши рушди ҳаракати олимпӣ пешбинӣ мешавад, ки ҷонибҳо сари он қаблан ба мувофиқа расида буданд», - гуфт ӯ.

Ҷ.Нуров мегӯяд, дар чаҳорчӯби сафар президенти Кумитаи олимпии кишвари ҳамсоя аз иншооти варзишии пойтахт боздид намуда, ҳамчунин дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ низ ширкат хоҳад варзид.

Сафари кории президенти Кумитаи олимпии Афғонистон ба Тоҷикистон то 28-уми июн идома хоҳад ёфт.