Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Муҳофизатгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фарҳод Восиев, ки узви дастаи «Жемучужина»-и Сочии Русия буд, ният дорад минбаъд дар ҳайати дастаи «Шинник»-и Ярославл ҳунарнамоӣ кунад.

Бино ба маълумоти sovsport.ru, Фарҳод Восиев бояд рӯзҳои наздик бо дастаи «Шинник»-и Ярославл шартнома ба имзо расонад.

Даъвати Фарҳод Восиев ба дастаи «Шинник» бо ташаббуси сармураббии нави ин даста Юрий Газзаев сурат гирифтааст, зеро ӯ бо имконоту қобилияти Ф. Восиев ҳанӯз аз замони фаъолияти муштарак дар дастаи «Криля Советов»-и Самара ба хубӣ ошност.

Қобили зикр аст, ки дастаи «Жемчужина»-и Сочи аз иштироки минбаъда дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Русия дар лигаи якум даст кашид.

Дар сомонаи расмии даста дар робита ба ин масъала хабар дода мешавад, ки сабаби даст кашидани даста аз иштирок дар чемпионат мушкилоти молиявӣ аст.