Дар чаҳорчӯби мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё (U-19) дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон (футболбозони то 19-сола) аз дастаи Баҳрайн шикаст хӯрд.

То анҷоми қисми якум бозӣ оромона ҷараён дошт, вале дар дақиқаи охирини қисми якуми бозӣ футболбозони дастаи Баҳрайн ҳисобро кушоданд.

Дар қисми дуюм бошад, футболбозони ҷавони Баҳрайн пурра ба бартарӣ соҳиб гардида, дар дақиқаҳои 51, 60 ва 66 –ум боз ба дарвозаи Тоҷикистон се тӯби дигар ворид сохтанд Ҳамин тариқ, дастаи Баҳрайн Тоҷикистонро бо ҳисоби 4 бар 0 мағлуб сохт.

Рӯзи 27-уми октябр дар чаҳорчӯби мусобиқоти даври ниҳоии Чемпионати Осиё (U-19) футболбозони ҷавони тоҷик бо дастаи Бутан, рӯзи 30-юми октябр бо дастаи Қувайт ва рӯзи 1-уми ноябр бо футболбозони Ӯрдун қувваозомӣ мекунанд.