Дар вохӯрии даври сеюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё миёни Тоҷикистону Ҷопон, ки рӯзи 11-уми ноябри соли равон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, миёни мухлисон бозии лотереяи варзишӣ доир мегардад. Бурди асосии он автомашинаи сабукрав аст.

Бино ба маълумоти сомонаи дастаи футболи «Истиқлол», пас аз анҷоми вохӯрӣ миёни билетҳои гирифтаи мухлисон бозии лотерея гузаронида мешавад ва ғолиби бозии лотерея аз варзишгоҳ бо автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ-2107 бурун меравад. Барои мухлисон вуруд (даромадан) ба варзишгоҳ пулакӣ буда, қимати билети нишастгоҳҳоии ғарбӣ – 20 ва шарқӣ – 10 сомонӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки пас аз баргузории се вохӯрӣ дастаи Тоҷикистон аз ҳеҷ имтиёзе бархӯрдор набуда, бозиҳоро ба дастаҳои Ӯзбекистону Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 1 бар сифр ва ба дастаи Ҷопон бо ҳисоби 8 бар сифр бохт.

Дар ин гурӯх дастаҳои Ӯзбекистону Ҷопон бо касби 7 имтиёз пешсафанд. Дастаи Кореяи Шимолӣ дорои се имтиёз мебошад.