Шоми дирӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Федератсияи футболи Осиё озими пойтахти кишвари Непал – шаҳри Катманду шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар муқоиса бо ҳайати дар вохӯрӣ бо Кореяи Шимолӣ (1:1) бозикарда пас аз маҳрум шудан аз бозӣ кардан ба ҳайат муҳофизатгари дастаи «Истиқлол»-и пойтахт Эраҷ Раҷабов баргашт.

Мутассифона, бозигари дастаи «Шинник»-и Ярославл Фарҳод Восиев дар Непал дар ҳайати даста ҳунарнамойӣ карда наметавонад, зеро дар ҳайати дастааш барои тамринҳо ба Туркия рафт.

Дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Ҳиндустон (9-уми март), Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея (211-уми март) ва тими мунтахаби Филиппин (13-уми март) қувваозмойӣ хоҳад кард.