Шоми дирӯз дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-22) ба Малайзия сафар кард. Шаҳри Малаккаи ин кишвар зимни мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи «С» қароргоҳи футболбозони ҷавони тоҷик хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобии Чемпионати Осиё (U-22), ки аз 23-юми июн то 3-юми июл дар Малайзия доир мегардад, футболбозони тоҷик дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Баҳрайн, Қувайт, Қатар ва Малдив қувваозмойӣ мекунанд. Бозии аввалин бо дастаи Баҳрайн – 23-юми июн доир гардида, бозиҳои дигар ба дастаҳои Малдива – 25-уми июн, бо Қувайт – 28-уми июн, бо Эрон – 1-уми июл ва бо Қатар – 3-юми июл баргузор мешаванд.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё (U-22):
Дарвозабонҳо: Фаррух Бердиев («Парвоз»), Мӯъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Саидҷон Саидраҳмонов («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов (ҳарду – «Вахш»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Манучеҳр Аҳмадов («Хуҷанд»), Дилшод Сафармамадов, Фурӯғ Қодиров (ҳарду – ССКА «Помир»), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Нуриддин Давронов («Истиқлол»), Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров (ҳама – «Вахш»), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), Шамсиддин Қосимов, Азимҷони Юнусзода (ҳарду – ССКА «Помир»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»), Қурбоналӣ Собиров («Зарафшон»);
Ҳамлагарон: Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Ҷаҳонгир Эргашев (ССКА «Помир»), Абдурасул Раҳмонов («Гвардия»), Фирдавсӣ Қурбонов («Истиқлол»).
Сармураббии даста мутахассиси босниягӣ Камол Алиспахич аст.
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 6
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста