Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон ба пирӯзии сеюм ноил гардид. Ин дафъа футболбозони тоҷик бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, тӯбҳоро ба дарвозаи Туркманистон дар ин вохӯрӣ Рустам Толибов ва Сӯҳроб Мӯминов равона кардаанд. Пас аз се даври мусобиқот дастаи Тоҷикистон соҳиби 9 имтиёз аст.

Дар вохӯриҳои боқимонда дастаи наврасони Тоҷикистон рӯзи 8-уми август бо тими «Монтажник» (Қазоқистон) ва дастаи футболи «Қирғизистон-2» қувваозмоӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар ду вохӯрии қаблӣ дасти Тоҷикистон бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1 ва бар тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуданд.