Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар шаҳри Лондон вохӯрии дастаи олимпичиёни тоҷик бо ҳамватанони муқими ин кишвар доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Эркин Қосимов, дорандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпии Лондон Мавзуна Чориева, боксчӣ Анвар Юнусов ва таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов ширкат варзиданд.
Дар оғози вохӯрӣ сафир Э.Қосимов суханронӣ намуда, аз варзишгарон барои пазируфтани даъвати сафорат ҷиҳати вохӯрӣ бо ҳамватанон ва ба Чориева Мавзуна барои даст ёфтан ба медалҳои биринҷии мусобиқот изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар навбати худ Маликшо Неъматов ба ҳозирин дар бораи рушди варзиш дар Тоҷикистон, мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ва имконоти варзишгарони тоҷик муфассал маълумот дода, изҳор кард, ки сарфи назар аз мушкилот, варзишгарони тоҷик ба гирифтани ҷоизаҳои байнулмилалӣ ноил мегарданд.
«Олимпиадаи Лондон ба итмом расида, акнун варзишгарони мо ба Бозиҳои олимпии навбатӣ дар шаҳри Рио омодагӣ мегиранд ва ин омодагӣ бояд аллакай оғоз гардад», - гуфт М.Неъматов.
Дар вохӯрӣ миёни варзишгарону ҳамватанони муқими Битанияи Кабир атрофи масоили беҳбуди шароити машқу тамрин барои насли нави варзишгарони тоҷик ва таъмини дастгирии молиявии соҳаи варзиши ҷумҳурӣ табодули афкор сурат гирифт.
Бино ба маълумоти намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ, варзишгарони тоҷик таҳти сарварии Маликшо Неъматов шаби 15 ба 16-уми август тавассути хатсайри ҳавоии ширкати «Сомон Эйр» аз шаҳри Киев ба Душанбе меоянд.
Муҳоҷирон ободонии маҳалҳояшонро бар дӯши худ мегиранд
Баъди “эътироз”-и мансабдорони Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?
Чӣ тавр дар Тоҷикистон банан, папайя ва ананас парвариш мекунанд?
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста