Дар ҷараёни омодагӣ ба вохӯрии дӯстона бо дастаи Қатар, ки санаи 6-уми сентябр дар шаҳри Мюнхени Олмон доир мегардад, барои футболбозони дастаи мунтахаби Тоҷикистон реҷаи тартиботи дохилӣ муқаррар шудааст.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, барои риоя накардани реҷаи дохилии аз ҷониби ҳайати мураббиён муқарраршуда, аз ҷумла таъхир ё ҳозир нашудан ба чорабиниҳои даставӣ (тановули ғизо, тамрин, маҷлис, нишасти хзабарӣ), изҳори норозигӣ бо ҳайати мураббиён, муноқиша миёни футболбозон зимни тамрин ва ғайра узви даста аз ҳайати тими мунтахаб хориҷ карда мешавад.

Ғайр аз ин, футболбози даста бояд ба қоидаҳои Fair-play эҳтиром гузошта, бидуни ҷароҳати вазнин бо баҳонаи ҷароҳат бардоштан дар майдон нахобанд. Пас аз анҷоми вохӯрӣ футболбоз бояд бо доварон ва аъзои дастаи ҳариф дастфишорӣ кунад.

Футболбозони дастаи мунтахаб бояд матни гимни Тоҷикистонро азёд дониста, онро қабл аз оғози бозӣ дар баробари садо додани мусиқии гимн бихонанд. Ва аз ҳама муҳимаш, ба бозигарон суҳбат бо намояндагони ВАО дар майдон, пас аз тамрин, тавассути телефон ё Интернет манъ карда шудааст. Ба суҳбат бо намояндагони ВАО танҳо зимни нишасти хабарӣ иҷозат дода мешавад.