Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён – Универсиада-2013-и Қазон ширкат хоҳанд варзид.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Универсиадаи Қазон, то имрӯз 60 кишвари ҷаҳон бо шумули Тоҷикистон иштироки дастаашон дар Универсиадаро тасдиқ кардаанд.

Дар робита ба ин масъала сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Наргис Набиева изҳор кард, ки расо як сол қабл аз оғози бозиҳо – санаи 6-уми июл даъвати иштирок дар Универсиада-2013 ба кумита расидааст.

«Иштироки варзишгарони ҷумҳурӣ дар ин бозиҳо ба нақшаи тақвимии кумита дохил шуда, вале ба масъалаи фиристодани варзишгарон ба Қазон федератсияҳо мустақилона машғул мешаванд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Набиева, то имрӯз танҳо Федератсияи гӯштини камарбанди ҷумҳурӣ иштироки намояндагонаш дар ин бозиҳоро тасдиқ намуда, иштирокчиёни дигар аз кишвар баъдтар маълум хоҳанд шуд.

Бино ба пешгӯиҳои созмондиҳандагони ин бозиҳо, дар мусобиқоти Универсиада-2013-и Қазон аз иштироки ҳудуди 13 ҳазор варзишгарон аз зиёда аз 170 кишвари дунё интизорӣ меравад. Бозиҳои ҷаҳонии донишҷӯён дар Қазон аз 6 то 17-уми июл доир гардида, қувваозмоиҳо аз рӯи 27 навъи варзиш сурат мегиранд.