Дар вохӯрии нахусти даври аввали мусобиқоти интихобии Чемпионати Оcиё миёни занон (U-19) дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон аз тими мунтахаби Эрон бо ҳисоби калони 2 бар 12 шикаст хӯрд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар қувваозмоии дирӯза голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Меҳрангез Шарифзода ва Лайло Ҳалимова вориди дастаи Эрон кардаанд.

Дар вохӯриҳои дуюми гурӯҳи «В», ки 20-уми октябр доир мегардад, тарбиятгиранлдагони сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов бо дастаи мизбон – тими мунтахаби Урдун ва рӯзи 22-юми октябр бо дастаи Фаластин қувваозмоӣ мекунанд.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ, ки аз 1-ум то 9-уми декабри соли равон  дар Вйетнам баргузор мешавад, роҳхат мегирад.