Рӯзҳои 27-28-уми октябри соли равон дар шаҳри Иркуткси Русия бо ташаббуси зодаи Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков нахустин мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба дзюдо миёни наврасон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари диаспораҳои тоҷикон дар Вилояти Иркутск Алишер Ширинов хабар дод, Эргаш Маҳмадбеков муддати 7 сол аст, ки ба ҳайси президенти ташкилоти ҷамъиятии «Рушди дзюдо»-и шаҳри Иркутск фаъолият дорад.

«Э.Маҳмадбеков ҳудуди 10 сол ба сифати мураббӣ кор карда, айни замон дар гурӯҳи ӯ беш аз 60 нафар наврасони синнусоли аз 6 то 14-сола ба тамрину машқ машғуланд», - гуфт ӯ.

Ба қавли Ширинов, дар ин муддат аз ҷониби Маҳмадбеков ҳафт мусобиқоти байнулмилаливу умумирусиягӣ ва чорабиниҳои зиёди варзишӣ миёни наврасону калонсолон созмон дода шудаааст.

«Чунин мусобиқот бори нахуст дар Ҳавзаи федералии Сибир доир гардида, дар он 17 тими шаҳру вилоятҳои Русия ва ҳамчунин варзишгарон аз кишварҳои хориҷи наздик, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Муғулистон ширкат меварзанд ва дар маҷмӯъ аз иштироки ҳудуди 700 нафар варзишгарон интизорӣ меравад», - иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар мусобиқот ба сифати меҳмонони фахрӣ раиси шаҳри Иркутск Виктор Кондрашов, сармурабии дастаи мунтахаби Русия оид ба дзюдо Сергей Косинин, дзюдочии маъруфи тоҷик Расул Боқиев ва ҳамчунин дзюдочии шинохтаи рус Тамерлан Тменов низ иштирок хоҳанд кард.