Дар мавсими нави футбол дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо сарулибоси ширкати истеҳсолкунандаи сарулибоси варзишии «Joma»-и Испания ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии даста, ахири соли равон созишномаи шарикии дастаи «Истиқлол» бо ширкати «Li-Ning»-и Чин ба итмом мерасад. Қобили зикр аст, ки тӯли се соли ахир дастаро ин ширкат бо сарулибоси варзишӣ таъмин мекард.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл менеҷери дастаи «Истиқлол» Муродҷон Умаров аз дафтари асосии ширкати «Joma» дар шаҳри Портило-де-Толедо боздид намуда, бо мудири кулли ширкати «Joma-Sport» Фруктуосо Лопес (Fructuoso Lopez) оид ба роҳандозии ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом додааст.

Ба қавли менеҷери даста, дар мавсими соли 2013 ширкат шарики техникии даста гардида, моҳи феврали соли оянда нкмояндагони ширкат ҷиҳати муаррифии сарлубоси варзишӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.