Охири моҳи декабри соли 2012 варзишгарони тоҷик дар риштаи карате-до намуди шотокам аз Ҷоми Ҷаҳон бо 6-медали тилло, 6 нуқра ва 2 биринҷӣ ба ватан баргаштанд.
Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муродалӣ Тешаев хабар дод, мусобиқа дар шаҳри Волгогради Россия баргузор гардид. «Дар мусобиқаи мазкур 150 нафар варзишгарон беш аз 10 кишвар миёни писарону духтарон бо ҳам қувваозмоӣ намуданд», - гуфт вай.
Ба қавли номбурда, аз дастаи Тоҷикистон барандагони медалҳои тилло миёни писарон нафарони зерин ба ҳисоб мераванд: Азизҷон Худойбердиев дар вазни 35 кг, Илҳом Мирпочоев дар вазни 55 кг Далер Баротов дар вазни 67 кг ва Дилшод Аҳмадов дар вазни 75 кг.
«Аз духтарон бошад, ду нафар яке Назира Нозимова дар вазни 54 кг ва дигаре Мавлуда Тураева дар вазни 67 кг соҳиби медали тилло гардиданд», - афзуд сухангӯи КМО ҶТ.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста