Рӯзҳои 4-6-уми январи соли равон дар шаҳри Тошканд мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо миёни паҳлавонони соли таваллудашон 1996-97 барпо гардид.

Тавре сухангӯи Кумитаи милллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаве хабар дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои ҳамсоя ширкат варзида, Тоҷикистонро бо пешбарии Федератсияи дзюдои кишвар паҳлавонони наврас дар қатори зиёда аз 100 иштирокчӣ намояндагӣ карданд.

«Баъди қувваозмоиҳои 2-рӯза варзишгарони тоҷик - Эраҷ Абдуллоев дар вазни 55 кг, Умед Абдураҳмонов дар вазни 60 кг, Расул  Саидов дар вазни 73 кг ва Суҳроб Давлатзода дар вазни +90 кг барандагони медалҳои тило гардиданд», - гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, инчунин Юсуф Каримов дар вазни 73 кг зинаи дуюм ва Сироншо Меҳрубоншоев дар вазни 60 кг бо ҳамроҳии Суруш Каримов дар вазни 73 кг мақоми сеюмро ишғол намуданд.