Чаҳор нафар варзишгарони мактаби маъюбони бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии минтақаи Кӯлоб Тоҷикистонро дар Олимпиадаи махсуси зимистонаи маъюбон, ки дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён дорад, ҳимоя карданд ва соҳиби ду медали тилло ва ду нуқра шуданд.
Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Ташаев хабар дод, варзишгари тоҷик Файзидин Тӯраев оид ба намуди лижаронии кросси классикӣ дар масофаи 500 метр мақоми аввалро соҳиб гардида медали тиллоро соҳиб шуд. «Ҳусейн Хоҷаев масофаи 100 метрро аввалин шуда тай кард ва дуюмин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба даст овард», - иброз дошт вай.
Ба қавли ӯ, Фарида Назарова ва Анастасия Пинкова дар рақобатҳо миёни бонувон соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Дилбар Каримова ва Зайниддин Давлатов ба олимпиадаи мазкур сафарбар шуда буданд. Олимпиадаи махсуси маъюбон то 6 феврал идома хоҳад кард.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста