Клуби футболи «Хуҷанд», ки раҳбарии онро чанде қабл муррабии тими ҷавонони Тоҷикистон Мубин Эргашев ба уҳда гирифт, ҳайати дастаро пурзӯр карданист.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати даста бозингарони тими миллии Тоҷикистон – ҳамлагар Юсуф Рабиев ва нимҳимоятгар Маҳмадалӣ Содиқов, ки қаблан дар ҳайати тими «Истиқлол»-и пойтахт ҳунарнамоӣ карда, ду маротиба бо ин даста ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон шарафёб шуданд, даъват шудаанд.
Мубин Эргашев ба дастаи нави худ инчунин бозингарони «Вахш»-и Қӯрғонтеппа – ҳимоятгарон Сиёвуш Асроров ва Сергей Абрамов, нимҳимоятгар Ҷамолиддин Зардиевро низ даъват намудааст. Ҳамаи ин се бозигарон чанде қабл таҳти раҳбарии Эргашев дар ҳайати тими ҷавонони Тоҷикистон барои Ҷоми Иттиҳод дар Санкт-Петербург бозӣ карданд, ки дар он мунтахаби Тоҷикистон ҷои 8-умро ишғол намуд.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста