Бо мақсади эҳё ва рушди намуди чавгонбозӣ дар Тоҷикистон, бо ташаббуси Барномаи ҳамбастагии олимпӣ аз таърихи 18 то 25-уми феврали соли равон дар шаҳри Душанбе оид ба ин навъи бозии варзишӣ машғулиятҳои бозомӯзӣ доир гардид.

Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаев хабар дод, дар машғулият 36 нафар писарону духтарони машғул ба чавгонбозӣ дар кишвар ширкат варзиданд. «Бо роҳбарии мутахассиси покистонӣ Зоҳид Алӣ машғулиятҳо дар шакли назариявӣ ва амалӣ ҷараён гирифтанд», - иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, машғулиятҳои назариявӣ дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва машғулиятҳои амалӣ дар толори махсуси Донишкадаи тарбияи ҷисмони кишвар баргузор шуданд. «Дар анҷом ба иштирокдорон диплом ва мукофотҳои Кумитаи миллии олимпии ҶТ тақдим гардид», - афзуд номбурда.