Нахустин маротиба намояндаи Тоҷикистон дар Конфедератсияи бокси Осиё Парвиз Аҳмадов манфиатҳои муштзанони тоҷикро ҳимоя мекунад.

Тавре сухангӯи Кумитаи миллии олимии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаев хабар дод, Парвиз Аҳмадов сентябри соли 2011 дар анҷумани Конфедератсияи Осиё оид ба бокс дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба ҳайси узви комиссияи доварон интихоб гардид. «Ба ин хотир рӯзҳои наздик ӯ баҳри ширкат дар анҷумани Конфедератсияи бокси Осиё ба Филиппин раҳсипор мешавад», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, Парвиз Аҳмадов устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мураббии шоистаи Тоҷикистон мебошад. Соли 2006 таҳти роҳбарии вай, ки вазифаи сармураббигиро ба уҳда дошт, Ҷаҳон Қурбонов дар Бозиҳои Осиё барандаи медали тило ва ҳамон сол ҳамчунин Шералӣ Достиев дар Чемпионати ҷаҳон барандаи медали биринҷӣ гардид.