Варзишгарзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони мутлақи соли 1975 ва дорандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии соли 1976 Зебуннисо Рустамова дубора ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон (АОТ) интихоб шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, чанде қабл бо иштироки Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар қароргоҳи Кумита ҷаласаи генералии Ассосиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз ҳисоботи президенти АОТ дар давраи солҳои 2009-2013 натиҷагирӣ шуда, он қаноатбахш арзёбӣ шудааст. Роҳбари Ассотсиатсия Зебуннисо Рустамова бори дигар ба ҳайси президенти ассосиатсия барои давраи соли 2013-206 интихоб гардидааст.  

Қобили зикр аст, ки Зебуннисо Рустамова мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар соли 1975 (Швейтсария), барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал дар соли 1976, 3-карат қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати тими собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 3-карат қаҳрамони Аврупо, 15-карат қаҳрамони  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 20-карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба камонварӣ мебошад.