Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дубора ба мақоми президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, ваврзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, зимни ҷаласаи ҳисоботии XIII-уми Ассамблеяи генералии КМО ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун номзади ягона пешниҳод гардида, аъзои Ассамблея онро дастгирӣ карданд.

Ба иттилои манбаъ, мувофиқи оинномаи созмон, Эмомалӣ Раҳмон ба муддати се соли минбаъда (солҳои 2013-2016) президенти КМО интихоб шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки бо пешниҳоди президенти КМО, раиси вақти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов дубора муовини аввали президенти КМО ва Баҳрулло Раҷабалиев котиби кулли КМО интихоб шуданд. Аъзои Ассамблеяи генералӣ фаъолияти КМО дар давраи солҳои 2009-2012-ро қаноатбахш арзёбӣ намудаанд.