Як ҳайати Ассотсиатсияи футболи давлати Қатар таҳти сарвари президенти он Ҳамад Бин Халифа Ал-Танӣ бо сафари якрӯзаи корӣ ба Душанбе ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҷараёни сафар мулоқоти ҷаноби Ҳамад Бин Халифа Ал-Танӣ бо президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ доир гардида, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили марбут ба рушди футбол дар Тоҷикистиону Қатарро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Ба иттилои манбаъ, Ассотсиатсияи футболи Қатар ба расонидани кӯмаки техникӣ дар бахшҳои гуногуни футбол ба Тоҷикистон, аз ҷумла рушди футбол миёни кӯдакону наврасон, омӯзиши мураббиёни сатҳҳои гунонун, беҳбуди сатҳи касбии доварон, баргузор намудани вохӯриҳои дӯстона дар синнусоли гуногун ва ғайра омодагӣ изҳор намудааст.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми вохӯрӣ Рустами Эмомалӣ ба Ҳамад Бин Халифа Ал-Танӣ нишони хотиравии Федератсияи футболи Тоҷикистонро тақдим намудааст.