Дар бозиҳои аввали даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон оид ба футбол дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯргонтеппа дар меҳмонӣ бар дастаҳои «Парвоз»-и ноҳ. Бобоҷон Ғафуров ва «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Труснузода мутаносибан бо ҳисобҳо 2 бар 0 ва 3 бар 2 ғолиб омаданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дастаҳои «Парвоз» ва «Истиқлол» тӯбҳоро дар дақиқаҳои 38 ва 62-юм Фатҳулло Фатҳуллоев ва Александр Кудряшов ба ҳадаф расониданд. Дар вохӯрии дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Вахш» ду тӯби Хуршед Бекназаров ва як голи Фурқат Мирҳайдаров пирӯзии футболозони қӯрғонтеппагиро таъмин карданд.

Бозиҳои ҷавобии даври нимфиналии мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 1-уми октябр баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 15:00.