Танҳо як варзишгари тоҷик Шаҳриёр Аҳмедов (вазни то 52 кило) қувваозмоиҳо барои дарёфти медали Чемпионати ҷаҳон оид ба боксро идома медиҳад.

Дар қувваозмоии ахир ӯ боксчии Пуэрто-Рикоро шикаст дода, ба давраи чаҳорякфиналӣ роҳ ёфт. Дар набардҳои қаблӣ ӯ бар варзишгарони Украина ва Италия дастболо шуд.

Дигар муштзанони тоҷик - Ораз Афзалшоев (вазни то 56 кило), иштирокчии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Анвар Юнусов (вазни то 60 кило), Шавкатҷон Раҳимов (вазни то 64 кило), Наврӯз Ҷафоев (вазни то 60 кило), Ҷаҳон Қурбонов (вазни 91 кило) ва Меҳроҷиддин Каримов (вазни зиёда аз 91 кило) дар даврҳои қабл аз чаҳорякфиналӣ ба шикаст дучор шуданд.

Мусобиқоти XVII-уми Чемпионати ҷаҳони оид ба бокс (AIBA) миёни калонсолон 14уми октябр дар шаҳри Алмаато оғоз гардида, то 26-уми октябр идома меёбад. Дар ин мусобиқоти 576 нафар варзишгарон аз 118 кишвари дунё ширкат меварзанд. Зимни мусобиқот дар маҷмӯъ барои дарёфти 10 комплекти медалҳо рақобатҳо сурат мегиранд.