Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон иштироки худ дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми Иттиҳод»-ро, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад, тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, мусобиқоти навбатии «Ҷоми Иттиҳод» аз 22-юми январ то 2-юми феврали соли 2014 баргузор мешавад ва мутобиқи муқаррароти мусобиқот, дар мусобиқот бояд бозингарони таваллудашон соли 1993 ва синнусоли аз ин поёнтар иштирок кунанд.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқоти футболи «Ҷоми Иттиҳод-2013» дастаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббӣ Мубин Эргашев муваффақона ҳунарнамоӣ намуда, дар ниҳоят мақоми 8-умро ишғол карда буд.