Вохӯрии давраи 8-уми Чемпионати футболи Лигаи олии мамлакат миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва КМВА «Помир»-и Душанбе, ки бояд имрӯз, 26-уми сентябр доир мегардид, ба санаи 7-уми ноябр гузаронида шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсии футболи Тоҷикистон, бинобар сабаби аз 26 то 30-юми октябр дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор шудани чорабиниҳои давлатӣ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Бюрои Кумитаи иҷроияи ФФТ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якчанд вохӯриҳо миёни дастаҳои лигаи олиро ба вақти дигар мавқуф гузорад.

Ҳамин тариқ, ба иттилои манбаъ, вохӯрии «Равшан» - КМВА «Помир» аз санаи 26 октябр ба 7 ноябр, «Хуҷанд» (Хуҷанд) – КМВА «Помир» аз 9 ба 10 уми ноябр ва «Равшан» - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) аз 9 ба 10 ноябр гузаронида шуданд.

Ҳамчунин вохӯрии лигаи аввали чемпионат миёни дастаҳои «Ҳулбук» - ДСРТ аз санаи 25 октябр ба 4 ноябр мавқуф гузошта шуд.