Ахири ҳафтаи сипаришуда чор бозии даври 19-уми мусобиқоти футболи Лигаи олии мамлакат доир гардиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии марказии давр футболбозони дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дастаи «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби 2 бар 0 шикаст доданд. Пешсафи дигари мусобиқот – дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бозиаш дар меҳмонӣ бо тими «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)-ро мусовӣ 0 бар 0 анҷом дод.

Дар вохӯриҳои дигари давр дастаи «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бар дастаи «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва тими КМВА «Помир» (Душанбе) бар дастаи «Истаравшан» (Истаравшан) бо ҳисоби якхелаи 2 бар 1 дастболо шуданд.

Айни замон нишонзанҳои беҳтарини чемпионат Ҳусейни Сӯҳробӣ (”Истиқлол” / “Хайр”) – 11 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 10 тӯб,  Александр Кудряшов (“Истиқлол”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Ҳасан Рустамов (“Равшан”) – 6-тӯбӣ, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб мебошанд.