Дастаи мунтахаби футболи хурд (футзал)-и Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Дамир Камалетдинов ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё оид ба футболи хурд, ки соли оянда дар Вйетнам баргузор мегардад, роҳхат гирифт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии охирини мусобиқоти гурӯҳи «А» дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тошканд тими мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5 бар 4 дастаи Турманистонро шикаст дод.

Ҳамин тариқ дар даври интихобии ин мусобиқот дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро бо 9 имтиёз соҳибони майдон – дастаи Ӯзбекистон, зинаи дуюмро бо 6 имтиёз дастаи Тоҷикистон, ҷойи сеюмро Қирғизистон ва зинаи охирро футболбозони Туркманистон ишғол намуданд. Се дастаи аввали гурӯҳ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба даври ниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфтанд.

Қобили зикр аст, ки Чемпионати ахири Осиё оид ба футболи хурд соли гузашта дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир гардида, дастаи Ҷопон ғолибият ба даст оварда буд.