Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб бори дуюм ба унвони чемпиони Тоҷикистон шарафёб гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври навбатии чемпионати футболи Лигаи олии мамлакат футболбозони «Равшан» дар меҳмонӣ дастаи «Энергетик»-и Душанберо бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, дигар барои ҳарифон дастнорас гардиданд. Акнун дастаи «Равшан» Тоҷикистонро дар мусобиқоти даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2014 намояндагӣ мекунад.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба медалҳои нуқраи чемпионати имсола соҳиб гардида, чун моҳи октябри соли ҷорӣ Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оврада буд, ин даста низ дар мусобиқоти Ҷоми КФО-2014 ширкат хоҳад варзид.

Барои ба даст овардани медалҳои биринҷии чепионат дастаҳои «Хайр»-и Ваҳдат ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рақобат доранд. Дар ин давр бозии дастаи «Хайр» бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мусовӣ 0 бар 0 анҷом ёфта, акнун дар даври охир ваҳдатиёнро зарур аст, ки ҳадди ақал як имтиёз ба даст оваранд, то ки ҷойи сеюмро ишғол намоянд.

Бозиҳои дигари ин давр чунин анҷом ёфтанд: «Регар-ТадАЗ» - Истаравшан – 2:1, «Хуҷанд» - «Парвоз» - 1:0 ва «Истиқлол» - КМВА «Помир» (даври 15-ум) – 3:0.