Сармутахассиси шуъбаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов ва собиқ менеҷери дастаи мунтахаби футболи ҷумҳурӣ Нур Умаров дар семинари Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) барои комисарони вохӯриҳо иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, семинар аз 4 то 6-уми декабр дар маркази тиҷорати меҳмонхонаи «Berjaya Times Square»-и шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои семинар иштирокчиёни муваффақона аз санҷишҳо гузашта комисарони КФО дар соли оянда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, аз 10 то 15-уми декабр дар шаҳри Куала-Лумпур барои доварони футболи хурд (футзал) курсҳои омӯзишӣ доир мегарданд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи доварони ФФФТ Абдураҳим Бобоев намояндагӣ хоҳад кард.