Дар шаҳри Дубай (АМА) бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳамоиши доварони футбол аз минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, Ғарбӣ ва Марказӣ ҷараён дорад. Дар он доварони дараҷаи баргузида ширкат варзида, ёвари довари ФИФА аз Тоҷикистон Баҳром Саъдуллоев низ даъват шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар давоми давраи омӯзишиву тамринӣ иштирокчиён масоли мубрами доварӣ дар футбол, дастур ва методикаҳои ахири омӯзишӣ ва ҳамчунин тамоилҳои муосир дар ин самтро баррасӣ мекунанд. «Давраҳои омӯзишӣ аз машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар хотима доварон оид ба донистани қоидаҳои бозии футбол ва санҷиши ҷисмонӣ имтиҳон меспуоранд», - хабар медиҳад ФФТ.

Ёвари довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппа айни замон намояндаи ягона аз Тоҷикистон мебошад, ки ба дараҷаи баргузтидаи доварони Осиё шомил аст.