Ассотсиатсияи байнулмилалии федератсияи футбол (ФИФА) рейтинги ахири дастаҳои миллии футболи ҷаҳон дар соли 2013-ро интишор кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин рейтинг дастаи Тоҷикистон бо касби 286 имтиёз дар ҷойи 114-ум қарор дорад.

Соли равон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқоти интихобии Ҷоми даъвати Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2013 се вохӯрӣ (Покистон – 1:0, Макао – 3:0 ва Қирғизистон – 0:1) ва ҳамчунин се вохӯрии дӯстона (Афғонистон – 3:2, Ҳиндустон – 3:0 ва Қирғизистон – 4:1) анҷом дод.

Миёни 46 дастаи қораи Осиё Тоҷикистон зинаи 15-ум ва дар байни дастаҳои кишварҳои собиқ шӯравӣ мақоми 11-умро ишғол карда, аз дастаҳои Латвия, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон пешсаф аст.

Дар зинаҳои аввали рейтинги ФИФА дастахои мунтахаби футболи Испания, Олмон ва Аргентина қарор доранд.