Дар мусобиқоти Эрон лижарони тоҷик Абдуғаффор Қувватов меъёрӣ олимпиро иҷро кард. Дар ин бора дабири кулли Ассотсиатсияи навъҳои варзиши зимистонаи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран варзишгари тоҷик дар Эрон қарор дошта, дар ду мусобиқа оид ба лижаронӣ дар кӯҳ ба 128 имтиёз соҳиб гардидааст, ки ба иштирок дар Бозиҳои олимпии зимистонаи Сочи-2014 имкон медиҳад.

Қобили зикр аст, ки айни замон барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Сочи-2014 Алексей Дригин низ аз дастаи Тоҷикистон иҷозатнома дорад, ки ӯ низ дар сабқати лижаронӣ дар кӯҳ ҳунарнамоӣ мекунад.

«Имрӯз Ассотсиатсияи навъҳои варзиши зимистонаи Тоҷикистон ба унвони Федеретсияи баайнулмилалии варзиши лижаронӣ барои тасдиқи натиҷаҳои Қувватов бастаи ҳуҷчатҳоро ирсол кард», - иброз дошт Абдуллоев.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Сочии Русия рӯзҳои 7-23-юми феврал баргузор мешаванд. Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин бозиҳо Қазоқистонро – 44 нафар, Ӯзбекистонро – 3 нафар, Қирғизистонро – 1 нафар ва Тоҷикистонро низ - 1 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони Турманистон дар бозиҳо ширкат намеварзанд.

Абдуғаффор Қувватов 27-сола буда, зодаи мавзеи Сафедораки ноҳияи Варзоб мебошад.