Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки чанд рӯз қабл Мубин Эргашев сармураббии он таъин шуд, тасмим гирифт, ки бо чанде аз бозигарони ҳайати соли гузашта хайрухуш намояд ва дар ин робита ба се бозигар мақоми «агенти озод»-ро таъин кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии даста, мувофиқи ин тасмим ҳамлагари эронии даста Ҳусейни Сӯҳробӣ, ки бо ба ҳадаф расонидани 11 тӯб нишонзани беҳтарини мавсими футболи соли 2013 гардида буд ва узви даста, ҳамлагари дастаи мунтахаби Уганда Юджин Сепуйя, ки аҳёнан дар ҳайати асосиии даста ҳунарнамоӣ мекард, акнун ба ҷустуҷӯи дастаи нав шурӯъ хоҳанд кард.

Ёдрас мекунем, ки қаблан дастаи «Истиқлол» тасмим гирифт, ки қарордоди муҳлаташ анҷомёфта бо нимҳимоятгар Иброҳим Рабимовро низ дигар дароз намекунад.