То бозии даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2014 миёни дастаҳои футболи «Равшан»-и Кӯлоб ва чемпиони секаратаи Яман «Ал-Ярмук» рӯзҳои башумор боқӣ монда, бинобар сабаби вазъи ниҳоят мушкили молиявӣ, дастаи «Равшан» то ҳол омодагӣ ба ин бозиро шурӯъ накардаст.

Дар суҳбат бо хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон менеҷери дастаи «Равшан» Дилшод Шарифов ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр кардааст, ки даста аз музди меҳнат ва мукофотпулиҳо назди бозингарон низ қарздор буда, ба иллати мавҷуд набудани маблағи пардохти зист дар меҳмонхона ва таъмин бо ғизо, бозингарони даста имкон надоранд, ки дар шаҳри Турсунзода ба тамринҳои омодагӣ ба бозӣ оғоз кунанд.

«Мо ҳатто барои харидани билет барои бозингаронамон аз Гана маблағ надорем. Агар дар фурсати наздик ин масъала ҳал нашавад, мо шояд натанҳо бозӣ бо дастаи «Ал-Ярмук»-ро гузаронида наметавонем, балки ба иштирок дар чемпионати Тҷикистон дар мавсими соли 2014 низ имкон нахоҳем дошт», - гуфтааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки баргузории бозии даври интихобии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2014 миёни дастаҳои фтуболи «Равшан»-и Кӯлоб ва чемпиони секаратаи Яман «Ал-Ярмук» санаи 2-юми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода таъин шудааст.