Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ аз силсилаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ширкат хоҳад кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин мусобиқаи анъанавӣ дар пойтахти Озарбойҷон рӯзҳои 9-11-уми май баргузор мешавад. Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм 11-уми май дар даври аввал бо Шералӣ Ҷӯраев аз Узбакистон рақобат мекунад.Ғолиби ин қувваозмоӣ дар даври дувум бо Шоҳин Қаҳрамонов аз Озарбойҷон вориди рақобат мешавад. Дар ин вазн 26 нафар мубориза мебаранд.

Бояд гуфт, ки «Тоскулоҳи бузург» оид ба дзюдо мусобиқаи пурнуфуз дар ин риштаи варзиш маҳсуб мешавад. Ин дувумин мусобиқаи ин силсила дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Мусобиқаи аввал моҳи феврал дар Пориси Фаронса баргузор шуда буд. Вале Комроншоҳ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ноком гашт. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм дар даври аввал бар Ҳенрико Жоао аз Ангола ғолиб омад. Вале ӯ дар даври дувум аз Кю-Вон Ли (Кореяи Ҷанубӣ) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуд.

Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳамагӣ чаҳор мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” баргузор мешавад. Мусобиқаи севум моҳи июл дар Тюмени Русия ва мусобиқаи чаҳорум моҳи декабр дар Токиои Ҷопон барпо мегарданд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «Тоскулоҳи бузург» дар Боку Тоҷикистонро танҳо Комроншоҳи Устопириён намояндагӣ хоҳад кард. Вай ба ин мусобиқа дар шаҳри Маскав бо раҳбарии Владимир Елчанинов, мураббии варзидаи дзюдо, омодагӣ дидааст. Комроншоҳ ҳамроҳи устодаш ба Боку омадааст.

Дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» дар Боку ширкати беш аз 350 варзишгар аз 40 кишвар, ба монанди Фаронса, Тоҷикистон, Тунис, Молдова, Ирландия, Ҷумҳурии Чех, Имороти Муттаҳидаи Араб, Шветсия, Гурҷистон, Финляндия, Канада ва ғайра дар назар аст.

Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн баргузор мешавад. Маблағи ҷавоизи мусобиқа 150 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аз он ҷумла ба ғолибони мусобиқа дар ҳар як вазн 5 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд.